Мизони бекорӣ дар кишварҳои ИИАО коҳиш ёфтааст

Шумори бекорон дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба 10,7% коҳиш ёфта, ҳоло 0,9% қувваи корӣ дар сатҳи созмонро ташкил медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 дек – Sputnik. Шумораи афроди бекор дар кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё коҳиш ёфтааст.
Дар ин бора сомонаи расмии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар хадамоти шуғли аҳолии кишварҳои узви созмон ба қайд гирифта шудаанд, то оғози моҳи ноябри соли равон 827,2 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 11,9% кам шудааст.
Хамин тавр ба иттилои манбаъ, шумораи бекорон 0,9% қувваи кориро ташкил медиҳад.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки дар соли гузашта ин нишондод 1%-ро ташкил медод.
Ҳосили кишоварзон дар ИИАО афзоиш ёфтааст
Дар муқоиса бо се моҳи қаблӣ бошад, 89,6 ҳазор тан камтар аст, ки он вақт шумори бекорон 916,8 гуфта мешуд.
Қаблан дар созмон гуфта буданд, ки музди миёнаи моҳонаи номиналӣ ва воқеӣ (бо назардошти индекси нархҳои истеъмолии молҳо ва хизматрасониҳо) дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 дар ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зиёд шудааст.
Ба иттилои Кумиссиюни иқтисодии созмон, суръати баландтарини афзоиши музди миёнаи моҳонаи воқеӣ дар Арманистон (13,4%), Қирғизистон (10,7%) ва Беларус (10,1%) ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи иттилои манбаъ, музди миёнаи меҳнати номиналӣ дар Қирғизистон 32 ҳазор сом (30 ҳазор рубли русӣ) ва дар Русия 70 ҳазор рублро ташкил додааст.