Ҳароратро дар Тоҷикистон поину пиряхҳоро ҳифз мекунанд: Чӣ гуна?

Дар ҳоле, ки мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, давоми даҳсолаҳои охир зиёда аз ҳазор пирях дар ҷумҳурӣ нобуд шудааст, яке аз роҳҳалҳои поин бурдани ҳарорат гуфта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Сохтани обанборҳо ба поин рафтани ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон ва мутаносибан барои ҳифзи пиряхҳо мусоидат мекунад.
Ин нуктаро муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, Зарафо Қиёмзода дар посух ба суоли вакили парлумони кишвар, Абдуҳалим Ғаффорзода дар мавриди тадбирҳои ҳифзи пиряхҳо баён дошт.
Ба гуфтаи Қиёмзода, пеши роҳи тағйирёбии иқлим гирифтан хеле мушкил аст.
"Танҳо бо шинонидани дарахтон ва сохтани обанборҳо, хусусан НБО "Роғун", ки боиси паст шудани ҳарорат мегардад, метавонем саҳмгузор бошем", - изҳор дошт мақомдор.
Маврид ба зикр аст, ки харобшавии манбаъҳои захираҳои об яке аз нишондиҳандаҳои манфии тағйирёбии иқлим ба шумор меравад.
Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки дар ин раванд обшавии босуръати пиряхҳо баръало мушоҳида мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони НБО “Роғун” дар соли 2024 чӣ қадар пул масраф мекунад?
Раҳбари Тоҷикистон афзуд, ки даҳсолаҳои охир шумораи умумии пиряхҳои Тоҷикистон, ки 13 ҳазорро ташкил дода, манбаи 60% обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, ба андозаи зиёда аз як ҳазор кам гардидааст.
Бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун "Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо" ва 21-уми март "Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо" қабул гардида, “Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо” таъсис дода шуд.