Володин "Россия сегодня"-ро бо солгард табрик кард

Ӯ ба кормандони "Россия сегодня" муваффақият таманно карда, қайд намуд, ки он "бо маҳорати баланди касбӣ, муносибати эҷодӣ ва масъулиятнокӣ ба кор фарқ мекунад".
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин, тими “Россия сегодня” ва мудири кулли он Дмитрий Киселевро бо 10-солагии таъсисёбӣ муборакбод кард.
"Россия сегодня" рӯйдодҳои дар кишвари мо ва берун аз ҳудуди он рухдодаро объективона инъикос мекунад. Дар асоси стандартҳои беҳтарини журналистикаи хабарӣ, бо истифода аз форматҳои нав ва технологияҳои муосир, ба рушди ВАО мусоидат мекунад", - омадааст дар барқияи табрикии раиси Думаи давлатӣ.
Володин ба кормандони гурӯҳи расонаҳои байналмилалӣ муваффакият орзу карда, қайд кард, ки онҳо "бо маҳорати баланди касбӣ, муносибати эҷодӣ ва масъулиятшиносиашон ба кор фарқ мекунанд".
Гурӯҳи байналмилалии расонаҳои "Россия сегодня" захираҳои иттилоотии русзабонро муттаҳид мекунад: РИА Новости, радиои Sputnik, ПРАЙМ, ИноСМИ, Baltnews, Украина. ру, Сотсиал навигатор, KOT ва Arctic.ru.
Мишустин "Россия сегодня"-ро бо 10-солагии таъсисаш табрик кард
Онро дар хориҷа хабаргузории байналмилалӣ ва радиои Sputnik намояндагӣ мекунад.
Яке аз маҳсулоти асосии гурӯҳи расонаҳои байналмилалӣ ин наворҳои иттилоотӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, испанӣ, арабӣ ва форсӣ мебошад.
"Россия сегодня" бузургтарин тавлидкунандаи маҳсулоти иттилоотии Русия аст, ки ба аудиторияи байналмилалӣ, ҷомеаи тиҷорат, ниҳодҳои давлатӣ ва доираи васеи корбарон нигаронида шудааст.