Патрушев "Россия сегодня" -ро бо 10 - солагӣ табрик кард

Дабири Шӯрои Амният дар табрикоти худ гуфт, гурӯҳи расонаҳои "Россия сегодня" дар байни расонаҳои дохиливу хориҷӣ мавқеи пешсафро ишғол мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Дабири Шӯрои Амният Николай Патрушев кормандони "Россия сегодня" ва мудири кулли он Дмитрий Киселевро ба муносибати 10-умин солгарди таъсиси гурӯҳи расонаҳои баналмилалӣ табрик гуфт.
Патрушев қайд кард, ки "корҳои ҳамоҳангшуда, салоҳият, нишон додани мавқеи побарҷои шаҳрвандӣ ва садоқат ба ахлоқи журналистӣ" ба ин тим миёни ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ мавқеи пешсафро фароҳам меорад.
"Ба шарофати хидмати софдилона ва фидокорона ба кори интихобкардаи худ, шумо тавонистед, ки оммаи васеъро оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва байналмилалӣ ба таври муассир огоҳ созед, манфиатҳои Русияро дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ ҳимоя кунед, рӯйдодҳои муҳимтарини кишвар ва ҷаҳонро саривақт ва дақиқ инъикос кунед", — таъкид намуд котиби Шӯрои амният.
Дар идома Патрушев ба кормандони "Россия сегодня" муваффақиятҳои нави эҷодӣ, қувваи тамомнашаванда таманно кард.
Дар “Россия сегодня” медиафоруми кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад
Гурӯҳи байналмилалии расонаҳои "Россия сегодня" захираҳои иттилоотии русзабонро муттаҳид мекунад: РИА Новости, радиои Sputnik, PRIME, InoSMI, Baltnews, Ukraine.ru, Social Navigator, KOT ва Arctic.ru.
Онро дар хориҷа хабаргузории байналмилалӣ ва радиои Sputnik намояндагӣ мекунад.
Яке аз маҳсулоти асосии медиа-гурӯҳ ин наворҳои иттилоотӣ бо забонҳои русӣ, англисӣ, чинӣ, испанӣ, арабӣ ва форсӣ мебошад.