ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Мудири бемористони Шуҳада Ал-Ақсо дар навори Ғазза Иёд Абу Зоҳир аз Русия барои кумаки пизишкӣ ба сокинони ин минтақа изҳори сипос кард.
"Мо аз номи мардуми Фаластин, Вазорати тандурустӣ ва аз номи худам ҳамчун директори маҷмааи бемористон ба Русия, раисиҷумҳури он ва кулли мардумаш барои расонидани ёрии тиббӣ ба навори Ғазза изҳори сипос мекунем", - изҳор дошт Абу Зоҳир.
Ба гуфтаи мудири бемористон, кумаки Русия дар наҷоти ҷони бисёре аз фаластиниҳои маҷрӯҳшуда кумак кардааст.
Рӯзи ҷумъа як ҳавопаймои вижаи вазорати ҳолатҳои изтирории Русия бо 20 тон кумаки башардӯстона барои сокинони Ғазза ба Миср парвоз кард, ки ин кумак аз ҷониби Кабардину Балқар ташкил шудааст.
Қаблан муовини раиси Идораи рӯҳонии мусулмонони Федератсияи Русия Илдар Аляутдинов гуфта буд, ки Бунёди Закоти мусулмонони Русия дар бунёди бемористон барои 20 кат дар навори Ғазза кумак кардааст ва сохтмони як бемористони дигар дар назар аст.
Ситоди фаврии Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия дар Миср фаъолияташро идома медиҳад ва дар он ҷо ба мардум кумакҳои зарурӣ расонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи октябр Исроил дар чаҳорчӯби амалиёти "Тӯфони Ал-Ақсо", ки аз ҷониби ҷиноҳи низомии ҷунбиши Ҳамос эълом шуда буд, аз навори Ғазза мавриди ҳамлаи мушакии бесобиқа қарор гирифт.
Дар посух, нерӯҳои Исроил амалиёти "Шамшерҳои оҳанин" алайҳи Ҳамос дар навори Ғаззаро оғоз карду, шаҳрро бо бондозӣ ба хуну хок кашид.
Тибқи маълумоти ахир, дар натиҷаи амалиёти низомӣ дар ин бахш беш аз 17 ҳазор нафар кушта ва 46 ҳазор нафари дигар захмӣ шудаанд.
Дар Исроил, ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, беш аз 1,3 ҳазор нафар кушта шудаанд.
Ҷонибҳо сар аз 24 ноябр ба оташбас барои чаҳор рӯз мувофиқа карда, баъдан онро тамдид карда буданд, аммо мӯҳлати оташбас миёни Исроил ва Ҳамос рӯзи ҷумъа 1 декабр соати 7:00 (8:00 ба вақти Маскав) ба поён расид.
Исроилиён ва фаластиниҳо дар тӯли солҳо дар бораи масоили марзӣ ихтилоф доранд. Аз ин ру, дар ин минтақа тез-тез задухӯрдҳои мусаллаҳона ба амал меомаданд.
Дар соли 1947 бо иштироки фаъолонаи Иттифоқи Шӯравӣ дар бораи барпо намудани ду давлат — Исроил ва Фаластин қарор кабул карда шуд, вале фақат аввалинаш ташкил карда шуду дуввум аз он бенасиб монд.
Ба гуфтаи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ҳалли бӯҳрони Ховари Миёна танҳо дар асоси формулаи “ду давлат”, ки аз ҷониби Шӯрои Амнияти СММ тасдиқ шудааст, имконпазир аст, ки таъсиси давлати мустақили Фаластинро дар марзҳои соли 1967 бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқ пешбинӣ мекунад.