ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Кори ҲХДТ бахусус, дар шароити имрӯзаи кишвар, минтақа ва ҷаҳон ба таври устувор бояд ба роҳ монда шавад, изҳор дошт роҳбари ҳизб, Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ дар ҷаласаи аъзои ҳизб, ҳушдор дод, ки тӯли чанд соли охир хусусияти низоъҳои сиёсӣ комилан тағйир ёфта, дар тамоми ҷаҳон ангезаи силсилаи таҳдидҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, техногенӣ ва табиӣ авҷ гирифтанд.
Афзоиши захираҳои аслиҳаи қатли ом, терроризми байналмилалӣ, низоъ ва хушунатҳои ба таври сунъӣ ташкилшуда, афзоиши нодорӣ ва бекорӣ дар кишварҳои рӯ ба рушд, танқисӣ аз об, теъдоди зиёди паноҳандагон, истеҳсол ва интиқоли маводи мухаддир ба таҳдиди фарогири ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, гуфт вай.
Президент таъкид намуд, ки ҲХДТ ба як нерӯи тавонои сиёсӣ табдил ёфтааст, ки дар сафҳои он беш аз 540 ҳазор нафар аъзо дар 7 ҳазор ташкилоти ҳизбӣ муттаҳид гардидаанд.
Вазифаҳои асосии ҲХДТ дар марҳалаи нави рушди ҷомеа ва давлат дар барномаҳои пешазинтихоботии он ва қарорҳои анҷуманҳо, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегиранд, мушаххас гардидаанд, зикр намуд Раҳмон.
Вай аз ҷумла ба арҷгузориву эҳтиром ба забони давлатӣ, тарғиби донистани забонҳои дигар, махсусан, забонҳои русӣ ва англисӣ даъват намуд.
Президент аз ҳизби ҳоким хост, барои тавсеа ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амният, волоияти қонун, муборизаи беамон бар зидди коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, тамоми қувва ва маҳорату истеъдоди аъзоёнашро сафарбар намояд.