Тӯфони чангу ғубор мешавад: пешгӯии ҳавои номусоид дар Тоҷикистон

Дар робита ба ифлосшавии ҳаво КҲФ аз шаҳрвандон хостааст, ба беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва гипертония таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дар Тоҷикистон фардо 8 декабр ҳавои ноустувор пешгӯӣ мешавад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон бо истинод ба ҳавошиносони кишвар хабар медиҳад
Ба иттилои манбаъ, бинобар тағйирёбии обуҳавошиносӣ дар минтақаҳои ҷанубу марказӣ вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар шаҳр дар Душанбе тӯфони чангу ғубор дар назар аст.
Гуфта мешавад, ки ин ҳодисаи табиӣ аз навоҳии ҷанубу ғарбии ба кишвари мо ҳамсарҳад ба ҳудуди ҷумҳурӣ ворид мешавад.
"Тӯфони чангу ғубор боиси ифлосшавии ҳавои атмосфера бо моддаҳои ғуборӣ, зарраҳои андозаашон 10 микрон (Pm-10) ва 2,5 микрон (Pm-2,5) мегардад", - афзудааст манбаъ.
Дар ин робита КҲФ аз шаҳрвандон хостааст, ба беморони гирифтори бемориҳои дилу раг, диабети қанд ва гипертония таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.
Бастани тирезаҳо дар рӯзҳои чангбод ва нӯшидани оби бештар на камтар аз 2-2,5 литр дар як шабонарӯз аз тавсияҳои дигари КҲФ ба шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад.
Нигаронии генерал Назарзода аз таҳдидҳои иқлимӣ
Дар асоси омӯзишҳои илмии экологӣ ва тандурӯстӣ дар чунин рӯзҳои олуда бояд шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаддалимкон аз ниқобҳо истифода намоянд, зеро ҳавои мазкур барои одамони синни 60 сола таъсири манфӣ дорад.
Дар ин гуна вазъи ҳаво нафароне, ки гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас, диққи нафас ва гирифтори ҳассосият ҳастанд, хуб мешуд барои ҳифзи саломатии худ аз ниқоб истифода баранд. Ин гуна ҳолати ба амаломада метавонад боиси хуруҷи микробҳо ва авҷ гирифтани бемориҳо гардад.