Дар Тоҷикистон нақша доранд, ки Роналдуро ба унвони меҳмони фахрӣ даъват кунанд

Сарвони "Ан-Наср"-и Саудӣ барои бозӣ бо "Истиқлол" ба Душанбе наомад, вале дар Тоҷикистон омодаанд, ситораи ҷаҳониро бо сабаби дигар ба ҷумҳурӣ даъват кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Бо вуҷуди ҳузур надоштани Криштиану Роналду дар ин бозии, тоҷикон хушбиниро аз даст надоданд ва ба натиҷаи мусбати дидор бо саудиҳо дилбастагӣ доштанд.
Дар ин бора ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон муовини раиси Федератсияи футболи ҷумҳурӣ Дилшод Ҷӯразода хабар дод.
Номбурда қайд кард, ки дастаи "Истиқлол"-и Душанбе бо яке аз беҳтарин дастаҳо бозӣ кард ва "ин худ як дастоварди бузург аст".
"Албатта, омадани Криштиану Роналду метавонад таваҷҷуҳи бештари расонаҳои ҷаҳониро ба бозӣ ҷалб кунад ва дар шинохти кишвари мо саҳм гузорад, аммо мо хафа нестем ва барои ҷалби Роналду талош хоҳем кард", - афзуд Ҷӯразода.
Ба гуфтаи ӯ, дар ояндаи наздик барои даъвати бозигари афсонавии португалӣ ба Душанбе ҳамчун меҳмони фахрӣ корҳо анҷом дода мешаванд.
Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки чӣ ҳодиса ва ё бо чӣ сабаб метавонад, ситораи футболи ҷаҳон Криштиану Роналду биёяд, аммо раванди ин қазия аллакай дар ФФТ оғоз шудааст.
Ёдовар мешавем, ки капитани тими “Ан-Наср”-и Саудӣ ва тими миллии Португалия Криштиану Роналду барои бозӣ бо “Истиқлол” ба Душанбе наомад.
Сабаби инро бардоштани "ҷароҳати ночиз" дар рақобаӣти саудиҳо бо бошгоҳи "Персиполис"-и Эрон хонданд.
"Ал-Наср" бидуни Роналду натавонист "Истиқлол" -ро мағлуб кунад
Ба ин тартиб, баҳси омадани футболбози маъруфи португалӣ кайҳо боз идома дорад. Сарфи назар аз он ки сафари Роналду таъйид нашуда буд, чиатаҳои бозии “Истиқлол” – “Ал-Наср” пурра фурӯхта шуданд.
Аммо сабаби дигари наомадани бозигари шинохтаро ба сунъӣ будани чамани майдони варзишгоҳи Душанбе рабт медиҳанд.
Ба гуфти ҳолдонҳои соҳа, аслан саудиҳо намехостанд бозигари ба қимати гарон харидаашонро дар чунин майдон дароранд ва шояд дар қарордоди Роналду низ чунин банде бошад, ки дар майдонҳо сунъӣ бозӣ нахоҳад кард.