ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Бо шарофати мутахассисони рус собиқадори ҷанги Афғонистон Ҳабибулло Содиқов дар 8 соли ахир бори аввал ба по хест.
Дар ин бора дар сафорати Русия дар Душанбе дар пайи мулоқоти сафир Семён Григорев ва Содиқов бо дигар намояндагони Иттиҳодияи кӯҳнасарбозон - интернатсионалистҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш ин собиқадори ҷанги Афғонистон пойҳояшро аз даст дода, зарурат барои иваз кардани протезҳои чапу росташ меш омада буд. Аммо аз соли 2015 инҷониб Содиқов наметавонист пули ҷарроҳиро пардохт кунад.
Ҳамин тавр, тобистони соли 2023 бо мусоидати фаъоли роҳбари намояндагии дипломатии Русия барои Содиқов дар муассисаҳои тиббии Маскав як давраи табобат ташкил карда шуд ва ивазкунии феълии протезҳо ба собиқадор имкон медиҳад, ки мустақилона роҳ гашта, кори чамъиятиаш дар вазифаи раиси Иттифоки собиқадорони шахри Вахдатро бомуваффақият идома диҳад.
Ҳабибулло Содиқов солҳои 80-ум дар амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон ширкат карда, барои ин бо ордени Байрақи Сурх мукофотонида шудааст.
Бояд гуфт, ки ҳукумати пойтахти Русия ба собиқадорон аз Тоҷикистон пайваста кумак мерасонад.
Ҳамин тариқ, дар моҳи сентябр сафорат эълон карда буд, ки дар соли 2023 ба 28 собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ақибгоҳ, ки дар Душанбе ба сар мебаранд, кумаки молӣ хоҳанд кард.
Илова бар ин, чанде пеш кормандони намояндагии дипломатӣ дар доираи чорабинии хайрия ба афроди камбизоат қариб ҳазор маҷмӯи ашёи заруриро тақдим намуданд.