Сада мероси ғайримоддии башарият эътироф шуд

Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО як ҷашни миллии дигари тоҷикистониёнро мероси башарӣ эътироф кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Ҷашни Сада ба феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид карда шуд, иттилоъ дод Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ин ҷашн номинаи муштараки Тоҷикистон ва Эрон буд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мероси ғайримоддии башарият эътироф шуд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан анъанаи бофтани атласу адрас ва тазҳиб - санъати зарҳалкорӣ ба ин феҳраст пазируфта шуда буданд.
Маврид ба зикр аст, ки иҷлоси 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО то 9 декабри соли равон дар Касанеи ҷумҳурии Ботсвана идома хоҳад ёфт.
Иди Сада дар Тоҷикистон 30 январ ҷашн гирифта мешавад, ки ҷашни зимистонии аҷдодӣ шуморида мешавад.
Атласу адраси Тоҷикистон ба мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шуданд
Масъулини Тоҷикистон мегӯянд, рамзу маъниҳои Сада хеле зиёданд, аммо моҳияти асосии ҷашн аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад.
Зикр мешавад, ки шоҳ Ҳушанги пешдодӣ на танҳо рози оташафрӯзиро дарёфтааст, балки ҷашни гиромидошти онро бо номи Сада бунёд ниҳодааст.
Тибқи асотиру ривоят кашфи оташ ва вобаста ба он истеҳсоли оҳан ва таъсиси ҷашни Сада боиси ба вуҷуд омадани бисёр касбу ҳунарҳои мардумӣ ва асбобу олоти корӣ гардидааст, ки то ҳол идома ёфта, дар фаъолияти ҳаррӯзаи кишоварзон истифода мешаванд.