Русия омодааст аз Тоҷикистон гӯшти мурғ, тухм, хушкмева ва сабзавот харидорӣ намояд

Мақомоти Русия омодагиашро барои харидорӣ аз Тоҷикистон гӯшти мурғ, тухм, хушкмева, маҳсулоти заргарӣ, меваҷоту сабзавот, обу нӯшокиҳо эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ширкатҳо ва корхонаҳои Русия омодагиашонро барои ҳамкорӣ ва харидории гӯшти мурғ, тухм, хушкмева, маҳсулоти заргарӣ, меваҷоту сабзавот, обу нӯшокиҳо, воридсозии сармоя ба иқтисодиёти вилояти Суғд изҳор намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин масъала зимни сафари кории раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар дидор бо соҳибкорону доираҳои тиҷоратӣ ин шаҳр баррасӣ шуд.
Манбаъ хабар додааст, ки дар доираи сафар ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарони як қатор ширкатҳои маъруф, аз ҷумла директори генералии ширкати "Лента" Владимир Сорокин, директори ширкати "Токио сити" Сергей Симарёв, роҳбари ширкати "Акрос" Александр Шинкаренко, намояндагони ширкати "ЮМО", мулоқот кард.
Тоҷикистон бо як вилояти Русия созишномаҳои бузурги тиҷорӣ баст: тафсилот
Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки вилояти Суғд дорои имконияту захираҳои фаровон буда, ҷонибҳо метавонанд ҳаҷми гардиши савдоро беҳтар намоянд.
Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми гардиши коло миёни ду кишвар дар нуҳмоҳа аз 90 млрд рубл бештар шуда, ҳаҷми умумии маблағгузориҳои Русия дар иқтисоди Тоҷикистон 148 млрд рублро ташкил додаст.
Дар ҳоли ҳозир. зиёда аз 70 вилояти Русия бо минтақаҳои Тоҷикистон робитаҳои мустақими корӣ доранд, ки миёнашон Маскав, Санкт-Петербург, Тотористон, Бошқирдистон, Олтой, Астрахан, Нижний Новгород ва Новосибирск пешсафанд.