Парвозҳои транзитӣ ва байналмилалӣ аз Тоҷикистон зиёд мешавад

Миёни ду кишвар Тоҷикистону Чин боз як санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ду кишвар ҳамкории авиатсиониро густариш медиҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 дек – Sputnik. Созишномаи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Чин дар бораи ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ ба имзо расид.
Дар маросими имзои ин санад таъкид шуд, ки барои ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ пешниҳоди Тоҷикистонро ҷониби Чин зарурӣ шуморида, нисбат ба ифтитоҳи хати нав таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи тадбирҳои андешида КВД "Тоҷикаэронавигатсия" барои ифтитоҳи хати нави ҳавоӣ дар ҳудуди Тоҷикистон низом ва таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили DME/DME, SSR MLAT ва якчанд низоми муосири соҳаро харидорӣ ва насб намуд, ки онро метавон қадами муассир барои расидан ба ҳадаф арзёбӣ намуд.
Инчунин низоми ADS-B, ки тавоноии бинишро дар баландии 10 ҳазору 100 метр доро мебошад, насб гардид.
Душанбе дар феҳрасти серталабгортарин парвозҳо аз фурудгоҳи Пулково
Ҳамзамон байни Тоҷикистон ва Чин низоми навигатсионии хусусияти RNP-4 истифода мешавад, ки вобаста бо ҳамоҳангии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) то соли 2025 низоми навигатсионии нави RNP-4 ва RNP-2 иваз хоҳад шуд.
Бояд тазаккур дод, ки ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Чин ба баромадани Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҷалби парвозҳои транзитӣ, рушди соҳаи саноат, сайёҳӣ, ҷалби ширкатҳои хориҷӣ ба фазои кишвар мусоидат намуда, шумораи парвозҳои байналмилалиро васеъ ва робитаи авиатсиониро бо ширкатҳои хориҷӣ қавитар менамояд.