ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ҳузури вазир Азим Иброҳим ва сардорони идораҳои хоҷагии роҳҳои автомобилгарди кишвар ҷаласаи ситоди ододагӣ ба зимистон баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа, тибқи нақшаи чорабиниҳо, масъалаҳои омодагии техникаи роҳнигоҳдорӣ ва таъмини роҳдорон бо либоси зимистона, маводи зиддилағжиш, ҳамлу нақли зимистонии бор ва мусофиркашонӣ ва дигар масъалаҳои марбута баррасӣ шуд.
Вазири нақлиёт омодагии муносиби роҳҳо, техникаю таҷҳизоти дахлдор ба зимистони фарорасидаро масъалаи аввалиндараҷа арзёбӣ намуд.
“Аз сифати кори мо бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, ҳамлу нақли саривақтии бору мусофирон ва фаъолияти мураттаби соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат бастагӣ дорад”, - қайд кард Азим Иброҳим.
Зикр гардидааст, ки вазири нақлиёт ба роҳбарони идораҳои хоҷагии роҳҳои кишвар барои дар муҳлатҳои наздиктарин бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 28 марти ҳамин сол "Доир ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024" дар вазорат ситоди омодагӣ ба зимистон таъсис дода, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шудааст.