ДУШАНБЕ, 5 дек – Sputnik. Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ амалҳои таҳрикомез дар наздикии марзҳои кишварҳои узвро, ки метавонад ба ҳодисаҳои хатарнок ва афзоиши ташаннуҷи низомиву сиёсӣ оварда расонад, қабул надорад.
Дар ин бора дар эъломияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД зикр шудааст.
Нишасти Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД рӯзи 23 ноябр дар Минск баргузор шуд, аммо эъломияи ниҳоӣ танҳо ҳоло нашр шуд. Намояндагони Арманистон, аз ҷумла Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, дар ин нишаст ширкат надоштанд.
"Мо амалҳои иғвоангезона дар наздикии марзҳои кишварҳои узви СПАД-ро, ки метавонад боиси ҳодисаҳои хатарнок ва афзоиши ташаннуҷи низомию сиёсӣ гардад, қабул намекунем. Мо аз интиқоли ҷангҷӯёни террористии хориҷӣ ба манотиқи даргириҳои мусаллаҳона изҳори нигаронии амиқ мекунем", - омадааст дар изҳороти ниҳоии шӯро.
Дар хуҷҷат инчунин қайд карда мешавад, ки "дар ҷанги ядроӣ ягон ғолиб буда наметавонад ва онро ҳеҷ гоҳ cap кардан лозим нест".
"Ба ин муносибат мо ба саъю кушиши фаъолона барои пешгирии рақобати ҳарбии байни давлатҳои ядроӣ даъват менамоем", — гуфтаанд муаллифони эъломия.
Дар ин санад ҳамчунин пуштибонӣ аз талошҳо барои ноил шудан ба сулҳу субот дар Қафқози Ҷанубӣ баён шудааст.
Ҳамзамон бар асоси эъломия, кишварҳои СПАД ваъда доданд, ки ҳама ихтилофҳоро бо роҳи осоишта ҳал мекунанд ва иттиҳодия аз истифодаи нерӯ худдорӣ мекунад.
Қаблан хабар дода будем, ки раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар бораи ҳузур наёфтани Арманистон дар нишасти Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) изҳори назар кард.
Вай таъкид кард, ки тамоми масъалаҳои мушкил бояд дар сари мизи гуфтушунид ҳал шаванд. Дар ҳамин ҳол ӯ ҳузури ҳамкасбони арманиро дар ин нишаст як "демарш" номид.