Дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон консерт баргузор шуд

Дар барномаи фарҳангӣ ҳам калонсолон ва ҳам бачагони мактаб-интернатҳо, инчунин мактабҳои махсуси ҳамаи шаҳрҳои мамлакат ҳунарнамоӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон консерт баргузор шуд.
Дар ин бора аз сафорати Федератсияи Русия дар ҷумҳурӣ хабар доданд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ташкили чорабинии дастгирии маъюбон "Газпром", "Саноат Содиротбонк", "Як-Такси" ва Ассотсиатсияи миллии маъюбони Тоҷикистон низ ширкат доштанд.
Ҳамин тариқ, дар сахнаи Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи. Садриддин Айнӣ ҳам ҳунарпешагони калонсол ва ҳам бачагони мактаб-интернатҳо ва мактабҳои махсуси ҳамаи шаҳрҳои ҷумҳурӣ барномаи рангини фарҳангӣ доир карданд.
Сафорат таъкид кардааст, ки онҳо таронаҳо ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ ва рақсҳои мардумиро иҷро кардаанд.
Маълум шуд, ки расман дар Тоҷикистон чӣ қадар маъюб аст
Илова бар ин, дар ҷамъомад ба ғолибони озмуни видеороликҳои "Мисс Истиқлол" ва дигар кӯдакони таҳти парастории ҷамъияти "Меҳрбахш", ки ташаббускори баргузории консерт мебошанд, тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.
Бар асоси омори Вазорати тандурурстии кишвар дар Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор маъюб сабти ном шудаанд.
Аз шумораи умумӣ қариби 17,5 ҳазор нафар маъюби гуруҳи I ва наздики 79 ҳазор нафарро маъюбони гурӯҳи II ташкил медиҳанд.
Ҳудуди 33 ҳазор нафари боқимонда маъюбони гурӯҳи III мебошанд, ки ҳамаашон ҳуқуқи гирифтани кумакпулиро доранд.
Ҳамзамон дар кишвар 220 муассиса ва шӯъбаҳои гуногун фаъолият мекунанд, ки бо маъюбон сари кор доранд.