ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Ба низоми байналмилалии пардохтии "Астрасенд" иҷозатномаи доимӣ барои фаъолият дар Тоҷикистон дода шуд.
Дар ин бора аз Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Системаи байналмилалии пардохти "Астрасенд" дар охири моҳи октябри соли 2022 аз ҷониби Бонки марказӣ дар Русия ба қайд гирифта шудааст. Оператори система Бонки "Соколовский" мебошад.
Айни замон системаи интиқоли Русия дар Қирғизистон низ амал мекунад, ки дар он зиёда аз 900 филиалҳои шарикӣ, Қазоқистон (зиёда аз 50 шарик), Ӯзбекистон (тақрибан 150 филиалҳои шарикӣ) мавҷуданд.
Ёдовар мешавем, ки Русия интиқоли пулро бо истифода аз низоми пардохти зуд (СБП) низ ба Тоҷикистон оғоз кардааст.
Ҳоло русиягиҳо ба интиқол тавассути СПЗ ба 5 кишвар дастрасӣ доранд. Миёни онҳо Узбекистон, Қирғизистон ва Беларус мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Бонки миллии тиҷоратии Русия, ки аз минтақаи Қрим аст, интиқоли фаромарзӣ ба Тоҷикистонро, аз ҷумла бо сомониро роҳандозӣ кард. Ин бонк инчунин интиқоли пул ба Чин, Беларус ва Арманистонро иҷозат додааст.
Дафтари матбуоти ин ташкилоти қарзӣ ҳамчунин қайд кард, ки ҷуғрофияи интиқоли фаромарзӣ васеъ мешавад ва онҳо ният доранд, ки ин соҳаро рушд диҳанд.
Ба дунболи БМТ-и Қрим, системаи пардохтии Туркия Turan тасмим гирифт, ки интиқоли пулро аз Туркия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷоза диҳад.