Кишварҳои ИИАО тамаркуз ба бозори дохилӣ мекунанд

Талаботи дохилӣ дар ҳоли табдилёбӣ ба муҳаррики асосии рушди иқтисоди кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мебошад, мегӯянд коршиносони иттиҳодия
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Аъзои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) дар аксари нишондиҳандаҳо динамикаи мусбатро касб кардаанд.
Комиссияи иқтисодии Авруосиё (КИАО) иддао дорад, ки то соли 2026 ҳаҷми муомилоти мутақобила ба 100 млрд доллар мерасад.
Талаботи дохилӣ ба муҳаррики асосии рушди иқтисодӣ табдил меёбад, мегӯянд коршиносони комиссия. Талаботи беруна суст шуд, бинобар ин кишварҳои Иттиҳод ба бозори дохилӣ тамаркуз карданд.
Мубодилаи мутақобила мутавозинтар шудааст, илова карданд коршиносон.
Дар ИИАО гуфтанд, ки бо камбуди гандум чӣ гуна мубориза мебарад
Қаблан хабар дода буд, ки музди миёнаи номиналӣ ва воқеӣ дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар соли 2023 афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, суръати баландтарини афзоиши музди миёнаи моҳонаи воқеӣ дар Арманистон (113,4%), Қирғизистон (110,7%) ва Белорус (110,1%) ба қайд гирифта шудааст.
Таъкид мешавад, ки ҳамгироӣ ба рушди кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таъсири мусбат дошта, барои додугирифту тавлидот мусоидат мекунад.