Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Столтенберг оҷизии Украина ва НАТО-ро эътироф кард: "ба хабарҳои бад омода бошем"

Роҳбарони кишварҳои ғарбӣ ба хабарҳои бад аз Украина бояд омода боошанд, чун нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар ҳолати буҳронӣ қарор доранд, гуфт дабири НАТО
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik Кишварҳои ғарбӣ натавонистанд, талаботи рӯзафзуни нерӯҳои Украинаро ба лавозимоти ҷангӣ таъмин созанд, изҳор дошт дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг.
"Мо бояд ба хабарҳои бад омода шавем",- гуфт ӯ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Олмон Das Erste.
Вай таъкид намуд, ки ба далели камбуди лавозимоти ҷангӣ артиши Украина дар ҳолати буҳронӣ қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол тирамоҳи соли равон Лаҳистон ва Словакия бо ҳукуматҳои навшуда аз маблағгузории Қувваҳои Мусаллаҳи Украина худдорӣ карданд. Кишварҳо мехоҳанд сармоягузориро ба ниёзҳои артиши худ тамаркуз кунанд. Дар ин замина Столтенберг гуфт, ки Аврупо дар ҳимоят аз Киев мушкилот дорад.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Рогов саркашии Зеленскийро аз гуфтушунид худкушӣ номид
Қаблан вакили Думаи давлатӣ аз вилояти Қрим Михаил Шеремет гуфт, дастгирии ИМА аз Украина ба сустшавӣ шурӯъ кард, вақти он расидааст, ки Сенати ИМА тафтишотро дар бораи самаранокии хароҷоти калон барои нигоҳдории режими Киев оғоз кунад.
Иқтисоддони аршад Филип Пилкингтон, изҳор дошт, ки низоъ дар Украина боиси заиф шудани иқтисоди Аврупо шудааст.
Болоравии нархи энергия заминаи истеҳсолии дунёи кӯҳнаро "вайрон" карда, онро аз рақобат дар бозори ҷаҳонӣ маҳрум кард, қайд кард таҳлилгар.
Дар идома коршинос афзуд, суқути саноати ИМА ва муттаҳидонаш ба камбуди лавозимоти ҷангӣ оварда расонд, дар ҳоле ки Русия нишон дод, ки дар сурати зарурат ба осонӣ метавонад миқдори ғайрибовари тӯпхонаҳоро тавлид кунад.