ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Татбиқи ислоҳоти фарогир ва сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон, алалхусус дар соҳаҳои алоқаи барқӣ, рақамикунонӣ, авиатсияи гражданӣ ва беҳтаргардонии фазои сармоягузорӣ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ гуфта шуд.
Ин нукта дар мулоқоти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ Аҷай Банга дар Дубай таъкид гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот вазъи феълии ҳамкориро дар соҳаҳои обу энергетика, кишоварзӣ, муҳити зист ва рушди деҳот, сиёсати иқтисодӣ, рушди бахшҳои тандурустӣ, маориф, шаҳрсозӣ ва коҳиши сатҳи камбизоатиро баррасӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон зарурати идомаи татбиқи лоиҳаи хатти баландшиддати интиқоли барқи CASA-1000, ки бозори энергетикии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро тавассути Афғонистон бо ҳам мепайвандад, таъкид намудаст.
Зикр гардидаст, ки айни ҳол Бонк дар Тоҷикистон 28 лоиҳаро бо маблағи умумии 1,5 млрд доллари амрикоӣ маблағгузорӣ мекунад.
Дар фарҷоми Эмомалӣ Раҳмон Аҷай Бангаро барои анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват кардаст, ки он бо хушнудӣ пазируфта шуд, изҳор дошт дафтари матбуоти раисҷумҳур.