ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Тоҷикистон тавлиди “энергияи сабз”-ро ду баробар афзоиш медиҳад ва иҷрои стратегияи тавсеаи иқтисоди сабз бо ҷалби сармоягузориро бештар мекунад.
Дар ин бора раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Дубай изҳор дошт.
Ба гуфтаи президент, яке аз роҳҳои ҳалли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим рушди “иқтисоди сабз” мебошад, ки дар навбати худ зарурати рушди “энергияи сабз”-ро ба миён меорад.
“Айни ҳол 98% барқ дар кишвари мо аз манбаъҳои барқароршавандаи тавлиди “неруи сабз” дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад”,- гуфт Раҳмон.
Ӯ афзуд, ҷумҳурӣ, ки аз рӯйи ин нишондиҳанда дар ҷаҳон ҷойи 6-умро мегирад, аз рӯйи ҳиссаи ками ҳаҷми партовҳои гулхонаӣ низ дар мақоми мусбат қарор дорад, бо имконоти ҷорӣ истеҳсоли “энергияи сабз”-ро афзоиш медиҳад.
Бунёди иншооти энергетикӣ, бахусус, неругоҳҳои барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ ба гуфти вай, аз қабили иқдомоти муфид дар ин самт ба ҳисоб мераванд.
Дар ҳамин ҳол ӯ гуфт, ки барои Тоҷикистон, татбиқи пешбурди стратегияи “иқтисоди сабз” танҳо бо маблағҳои буҷетӣ мушкил аст ва хостори сармоягузорӣ дар ин самт шуд.
“Бешубҳа, ҳеҷ як кишвар, сарфи назар аз зарфиятҳояш, наметавонад дар роҳи мутобиқшавӣ ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба танҳоӣ муваффақ бошад”,- афзуд президент.
Кишвардори Тоҷикистон мегӯяд, 93% қаламрави кишвар кӯҳӣ буда, беш аз 60% оби ОМ аз ин ҷумҳурӣ сарозер мешавад ва табиист, ки тағйирёбии иқлим бештар ба он зарба мезанад.
“Ҳамасола офатҳои табиӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба маблағи садҳо миллион доллар зарар расонида, дар бисёр мавридҳо талафоти ҷониро низ ба бор меоранд”,- гуфт ӯ.
То имрӯз аз 13 ҳазор пирях дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз як ҳазор адади он пурра об шудааст ва барои пешгирӣ аз ҳолатҳои ногувор раҳбари Тоҷикистон ҳамкории муштаракро дар ин самт зарур мешуморад.