Рӯзи нобарори ҷудокорони тоҷик дар Токио: панҷ тан бемедал монд

Талоши аз ҳама зиёдро Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) карду то рақобатҳо барои нишони биринҷӣ расид, аммо ноком шуду зинаи панҷумро касб кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Рӯзи аввали мусобиқаи Tokyo Grand Slam -2023 барои ҷудокрони тоҷик комилан бебарор буд.
Тоҷикистонро дар ин сабқат дар умум 10 нафар намояндагӣ мекунад, аммо панҷ паҳлавоне, имрӯз вориди сабқат шуданд, ягон бурде надоштанд.
Ҳамин тариқ ин мусобиқа барои Беҳрӯз Хоҷазода, Абубакр Шеров, Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Комроншоҳи Устопириён поён ёфт.
Нисбат ба дигарон Сомон ва Беҳрӯз ҳарчанд рақобатҳоро хуб идома доданд, аммо бахташон пастӣ кард.
Беҳрӯз Хоҷазода (-73)дар даври аввал бо партоби зебо Отари Квантидзеи португалӣ ва дар марҳилаи дуюм ҳарифи сарсахташ Лаша Шавдатуашвилии гурҷиро канор зад.
Ӯ дар зимнаи чаҳорякниҳоӣ бо як иштибоҳ аз намояндаи Фаронса Орландо Касорла шикаст хӯрд.
Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) бошад, то рақобатҳо барои нишони биринҷӣ расид, аммо ноком шуду зинаи панҷумро касб кард.
Вай дар даври аввал озод буд ва дар зинаи дуюм Кайто Аманои ҷопониро шикаст дод ва дар марҳилаи сеюм низ паҳлавони номдори ҷаҳон Вачид Борчашвилии австралиро аз сари роҳаш канор зад.
Соли ҷудо дар Тоҷикистон: Медалгирӣ 3 баробар зиёд шуд
Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ паҳлавони тоҷик Давид Карапетянро (AIN) шикаст доду ба марҳилаи нимниҳоӣ расид ва дар ин давр бо 3 огоҳӣ аз Маттиас Кассеи белгиягӣ шикаст хӯрд.
Дар набард барои нишони биринҷӣ ӯ натавонист Зелим Тскаеи озариро мағлуб созад.
Се варзишкори дигари кишвар дар давраҳои дуюм аз идомаи сабқат маҳрум шуданд.
Дар мусобиқаи мазкур 506 ҷудокор (298 мард, 208 зан) аз 84 давлати қора ширкат доранд.
Муқаррар шудааст, ки ғолибони ҳамаи вазнҳои ин мусобиқа 5 ҳазор евро мегиранд. Барандаҳои медалҳои нуқраи 3 ҳазор евро ва соҳибони медалҳои биринҷӣ 1,5 ҳазор евроиро соҳиб хоҳанд шуд.
Аммо муҳимтар аз ҳама дар пайи бурдҳо дар мусобиқаи Тоскулоҳи бузурги Ҷопон ҷудокорони тоҷикистонӣ барои холҳо, ки барои роҳёбӣ ба Олимпиадаи Париж дар соли 2024 заруранд, мубориза мебаранд.