ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Мақомот дар бораи 100% иҷро шудани нақшаи даъвати наваскарон ба хидмат ба сафи артиши Тоҷикистон дар ду вилояти Суғд хабар доданд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии ҳукумати шаҳри Истаравшан, маъракаи тирамоҳии ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон сари вақт пурра анҷом ёфт.
Дар бораи иҷрои нақша ноҳияи Мастчоҳ низ хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ин маърака бо ташаббуси раиси ноҳия ба 80 нафар, ки ихтиёран ба сафи артиш пайваст шуданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супурда шуд.
Ёдовар мешавем, даъвати тирамоҳии наваскарон дар Тоҷикистон аввали моҳи октябр оғоз гардида, то охири ноябр идома хоҳад дошт.
Маврид ба зикр аст, ки аз якуми сентябр арзиши хидмати пулакӣ дар Тоҷикистон 750 нишондиҳанда барои ҳисоб муқаррар гардид.
Ҳамин тариқ аз аввали соли оянда нархи хизмати пулакӣ ба 54 ҳазор сомонӣ баробар хоҳад шуд. Ахиран дастур шуд, ки аз ҳисоби ин маблағҳо аз ҷумла фурудгоҳҳои маҳаллии Тоҷикистон, ки ба тавозуни Вазорати мудофиа гузаронда шуданд, обод карда хоҳанд шуд.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон дар бораи хизмати ҳарбӣ, шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд, бо пардохти маблағи муайянгардида дар ҳайати захиравӣ хизмат кунанд.
Муқаррар шудааст, ки шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, ки андозаи онро ҳукумати Тоҷикистон муқаррар менамояд, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.