ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Дар интихоботи парандаи соли 2024 дар Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ Фохтак аз 35 овоз 28 ададро соҳиб шуд.
Озмуни "Парандаи сол" ҳамасола дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби бахши табиатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи ҳифзи табиат ва гуногунии биологӣ гузаронда мешавад.
Ҳоло тасвири баранда дар тақвимҳо ҷойгир карда мешавад, ки бо теъдоди 3 ҳазор нусха нашр мегардад.
Фохтак, ки ғуррак ҳам меноманд, аз мусича калонтар ва аз кабӯтари саҳроӣ майдатар буда, зери гарданаш тавқҳои холмонанд дорад ва рӯйи болҳояш ҳам пурхол аст.
Бархе аз забоншиносҳо бар инанд, ки номи аслии паранда Фохта мебошад, ки онро куку, ё кафтари ёбоӣ низ ном мебаранд.
Маврид ба зикр аст, ки озмуни мазкур ҳамасола барои ҷалби таваҷҷуҳ ба бахши ҳифзи табиат гузаронда мешавад.
Дар озмуни қаблӣ парандаи соли 2023 Саъба интихоб шуда буд.
Солҳои пешӣ барандаҳои маъракаи интихоботӣ дар Академияи миллии илмҳо кабки кӯҳӣ, бум, зоғчаи кабуд, тазарв, лаклаки сафед, мурғи ҳилол, ҳудҳуд, шоҳин, парасту, уқоб ва заргулдор эълон гардида буданд.