ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҷарима барои исқоти ғайриқонунии ҳамл афзоиш меёбад.
Барои иҷрои ин амал аз ҷониби шахси дорои маълумоти олии тиббии риштаи дахлдор, феълан ҷарима аз 13,6 то 34 ҳазор сомонӣ аст, аммо ин сар аз соли оянд ба 14,4 то 36 ҳазор сомонӣ мерасад.
Ба асоси қонун ин кор ҳамчунин маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се солро пешбинӣ мекунад.
Ин болоравӣ ба далели афзоиши нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, ки аз 1 январи соли 2022 аз 68 сомонии феълӣ ба 72 сомонӣ баробар хоҳад шуд.
Ҳамин тариқ, агар исқоти ҳамл аз ҷониби шахсе, ки маълумоти олии тиббии риштаи дахлдор надорад ё шахси қаблан барои исқоти ғайриқонунии ҳамл судшуда содир шуда бошад, ҷарима аз 36 то 50,4 ҳазор сомонӣ пешбинӣ мешавад.
Ин нишондиҳанда феълан аз 34 то 48 ҳазор сомонӣ баробар буда, ҳамзамон барои ин кирдор маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол низ пешбинӣ шудааст.
Дар баробари ин арзиши ҷарима барои иҷро накардани вазифаҳои касбӣ аз ҷониби корманди тиб бинобар муносибати бепарвоёна ё беинсофона, ки аз сабаби зарар ба саломатии бемор мегардад, афзуд.
Агар табиб ба чунин иттиҳом гунаҳкор шавад, аз 36 то 72 ҳазор сомон партохт хоҳад кард. Ҳоло ин нишондиҳанда ба ду ҳазор сомонӣ камтар аст. Ҳамчунин агар ин амал боиси марг шавад, ба муҷрим аз панҷ то ҳашт соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ Додгоҳи олии кишвар бо ҳамин ҷурм (моддаи 129-и КҶ) табиби Беморхонаи "Ёрии таъҷилӣ"-и шаҳри Душанбе Расул Ҳоҷиевро барои шаш сол равонаи зиндон кард.
Додситонии кулли кишвар дар шарҳи қазия гуфт, ки дар пайи иштибоҳи пизишк Севинч Шукуроваи 17-сола фавтид.
Тибқи омори Вазорати тандурустии кишвар тайи ним соли ҷорӣ мақомот дар 63 ҳолат зидди 41 пизишк парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.
Ҳамзамон ин ниҳод гуфт, ки дар ин муддат аз ҷониби кормандони ин 117 қонунвайронкунии маъмурӣ сабт шудааст.