ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарон дастур дод, ки нишондодҳои буҷа барои соли 2024-ро таъмин созанд.
Ин дастурро президент дар ҷаласаи ҳукумат ироа кардаст.
Ҳамчунин аъзои ҳукумат ҳисоботи вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзодаро дар мавриди буҷаи соли оянда шунидаанд.
Вазир таъкид кардааст, вобаста ба буҷа дар қарори ҳукумат уҳдадориҳои вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳо сарфи назар аз моликият мушаххас шудаст.
Даромади буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 43 млрд сомонӣ ва хароҷот 44,1 млрд сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Буҷа барои соли оянда бо назардошти дар сатҳи 8% рушд ёфтани иқтисоди миллӣ ва дар ҳаҷми қариб 144 млрд сомонӣ ташаккул ёфтани дурнамои Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2024 таҳия шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли равон қариби 6 млрд сомонӣ ё наздики 16% зиёд буда, муодили қариб 30%-и ММД мебошад.