Се қадам ба пеш: Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА эълон шуд

Тоҷикистон мавқеяшро дар раддабандии нави ФИФА боло бурд. Яккачини кишвар зери роҳбарии мутахассиси хорватӣ тадриҷанд ҷойҳои беҳтареро касб мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги дастаҳои миллиро нав кард.
Тоҷикистон, дар ин радабандӣ се зина мақеяшро беҳтар карда, аз мақоми 109 ба зинаи 106 баромад.
Тибқи нишондоди FIFA, яккачини Тоҷикистон бо 1195 имтиёз дар ин мақом ҷой гирифтааст, ки 7,84 хол зиёд нисбат ба нашри қаблӣ аст.
Миёни дастаҳои Осиё тими миллии Тоҷикистон дар ҷойи 19-ум қарор дорад.
Яккачини Тоҷикистон пас аз чандин муддат чунин пешравиро зери раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ба даст овард.
Дастаи таҳти роҳбарии ӯ моҳи ноябр дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ду бозӣ анҷом дод – дар Душанбе бо тими Урдун мусовӣ (1:1) ва дар Исломобод бар мунтахаби Покистон (6:1) ғалаба намуд.
Дар кишварҳои дигари Осиёи Маркази Ӯзбекистон ҳамоно пешсаф буда, дар мақоми 68 аст. Қирғизистон бошад, дар зинаи 98, Қазоқистон дар мақоми 100 ва Туркманистон ҷойи 141-ро гирифтааст.
Роналду ба Тоҷикистон меояд? Посухи ФФТ
Дар сегонаи беҳтаринҳо Аргентина, Фаронса ва Англия қарор гирифтаанд.
Аз дастаҳои осиёӣ Ҷопон пешсаф аст, ки бо 1620 имтиёз дар зинаи 17-ум ҷой гирифта, Эрон (21) Корея (23) пас аз он қарор гирифтаанд.
Русия бошад, як зина пеш рафта, бо 1498 имтиёз дар мақоми 38-ум қарор гирифтааст.
Рейтинги ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишвар аз рӯйи натоиҷи дастаи мунтахаби миллӣ дода мешавад.
Беҳтарин ҷой барои тими миллии Тоҷикистон дар радабандии ФИФА 106-ум ва пойинтарин сутуне, ки мунтахаби ватанӣ дар он қарор дошт, дар ҷои 180-ум буд.
Дар зинаи 106-ум тими Тоҷикистон моҳи июли соли 2013 қарор дошт. Дар зинаи поинтарини худ дар радабандиҳо ФИФА Тоҷикистон соли 2003 қарор дошт.