Киссинҷер даргузашт: Путин гуфт, "дипломати барҷаста" буд

Раисиҷумҳури Русия аз нуфузи дипломат гуфта, ҳамчунин ба ҳамаи хешовандон ва наздикони марҳум дар баробари ин мотам сабри ҷамил таманно кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба ҳамсари Ҳенри Киссинҷер, собиқ вазири умури хориҷаи Амрико дар робита ба даргузашти ӯ изҳори ҳамдардӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти кишвардори Русия хабар дод.
Қайд мешавад, ки собиқ котиби давлатии ИМА дар синни 100-солагӣ даргузашт.
Ҳамин тариқ, пас аз фурӯпошии СССР падари "дипломатияи миёнҷигар" аз ҷониби консерваторони амрикоӣ барои кӯшиши беҳтар кардани муносибатҳо бо Русия ва кишварҳои ИДМ танқид карда шуд.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, Ҳенри Киссинҷер "дипломати барҷаста" буд.
"Дар тӯли даҳсолаҳои зиёд арбоби хирадманду дурандеш дар тамоми ҷаҳон аз нуфузи шоиста бархурдор буд", - таъкид кард ӯ.
Владимир Путин инчунин ба ҳамаи хешовандон ва наздикони марҳум дар муқобили ин мотам сабри ҷамил таманно кардааст.
Фаъолияти сиёсии Киссинҷер дар охири солҳои 1960 оғоз шудааст. Пештар ӯ ба ҳайси мушовири коршиноси амният дар назди президентҳо Дуайт Эйзенхауэр, Ҷон Кеннеди ва Линдон Ҷонсон кор карда, бо Агентии халъи силоҳ ва назорати аслиҳа кор кардааст.
Киссинҷер ягона роҳи расидан ба сулҳ дар Украинаро гуфт
Соли 1969 Киссинҷер мушовири амнияти миллии ИМА шуд ва то соли 1975 дар ин вазифа кор мекард.
Аз сентябри соли 1973 вай дар як вақт котиби давлатӣ шуда кор мекард.
Ҳенри Киссинҷер 27 майи 1923 дар Бавариаи Олмон, дар як хониводаи яҳӯдӣ ба дунё омада, ҳамроҳи хонаводааш 1938 аз Олмони таҳти фишори нозиҳо ба Амрико гурехтанд.
Дар соли 1973 ба ӯ ҷоизаи сулҳи Нобел ба унвони талошҳояш дар оташбаси Ветнам эҳдо шуд.