ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Тоҷикистон ҷазо барои озори ҷинсии ноболиғонро ташдид кард.
Ташдиди ҷазо барои ҷиноят нисбати кӯдакон дар тарҳи нави Кодекси ҷиноӣ илова шуда, аз ҷониби парлумони кишвар қабул шуду президент низ онро имзо кард.
Тибқи тағйирот, банди наве дар моддаи 142-и КҶ илова шуд.
Дар ин банди нав гуфта мешавад, ки барои ҳаракоти шаҳвонӣ ва ё бадахлоқона- "нисбати ду ё зиёда шахсони баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида содир шуда бошанд, - бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо якумра маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ва ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ҷазо дода мешавад".
Қаблан дар кишвар барои содир кардани чунин ҷиноят нисбати афроди зери синни 14 аз 2 то 5 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешуд.
Афроде, ки даст ба чунин ҷиноят задаанд, тибқи қонунгузорӣ якумра аз ишғоли мансаб ва ё фаъолияти омӯзгорӣ дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии соҳаҳои маориф, тарбия, инкишофи ноболиғон, таъминоти тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ, дар соҳаи варзиши кўдакону наврасон, фарҳанг ва санъат бо иштироки ноболиғон ва дигар корҳое, ки марбут ба ноболиғон аст, маҳрум мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дастури такмили қонунгузорӣ вобаста ба пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ нисбати ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии ноболиғонро ҳанӯз соли 2020 раиси Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ ба Прокурори генералӣ ва дигар сохтору мақомот дода буд.
Тайи чанд соли ахир ҳолатҳои таҷовузи ноболиғон бештар расонаӣ мегардад, ки вокуниши сахте ба бор меорад.
Яке аз он ҳодисаҳо таҷовуз ва куштори Руфейдаи 8-сола буд, ки ҷомеаи Тоҷикистонро такон дод ва дар ниҳоят ҷинояткор ҳукми абад гирифт. Ҳамчунин ҳодисаи шабеҳ дар Хуросон рух дода буд, ки марди 45-сола духтарчаи 9-соларо таҷовуз кардаву куштааст.
Ҳамчунин аввали соли қаблӣ додгоҳ як сокини Ҳисорро барои 20 сол равонаи зиндон карда буд, ки дар таҷовузи ҷияни 12-солааш муҷрим дониста мешавад.