ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Русия интиқоли пулро бо истифода аз низоми пардохти зуд (СБП) ба Тоҷикистон оғоз кардааст.
Дар ин бора Бонки марказии Федератсияи Русия хабар додааст.
Ҳоло русиягиҳо ба интиқол аз тариқи низоми пардохти зуд ба 5 кишвар дастрасӣ доранд.
Миёни онҳо Узбекистон, Қирғизистон ва Беларус низ ҳастанд, хабар медиҳад "Известия".
Қайд карда мешавад, ки самти байналмилалӣ дар НПЗ фаъолона инкишоф меёбад ва барои ҳамкории бурунмарзӣ хоҳиши тарафи дигар зарур аст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Бонки миллии тиҷоратии Русия, ки аз минтақаи Қрим аст, интиқоли фаромарзӣ ба Тоҷикистонро, аз ҷумла бо сомониро роҳандозӣ кард. Ин бонк инчунин интиқоли пул ба Чин, Беларус ва Арманистонро иҷозат додааст.
Дафтари матбуоти ин ташкилоти қарзӣ ҳамчунин қайд кард, ки ҷуғрофияи интиқоли фаромарзӣ васеъ мешавад ва онҳо ният доранд, ки ин соҳаро рушд диҳанд.
Ба дунболи БМТ-и Қрим, системаи пардохтии Туркия Turan тасмим гирифт, ки интиқоли пулро аз Туркия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ иҷоза диҳад.