Зӯрозмоии "Истиқлол" ва "Ал-Наср" ба бозии рекордии гаронарзиш табдил хоҳад ёфт

Ҳаводорони футбол метавонанд чиптаҳоро дар хазинаи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва ё мағозаи расмии бошгоҳи "Истиқлол" дастрас кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Бозии "Истиқлол" ва "Ал-Насра" яке аз гаронарзиштарин бозиҳо дар таърихи футболи Тоҷикистон хоҳад буд.
Чиптаҳои бозӣ дар се бахш пешниҳод шудаанд: трибунаи ғарбӣ – 300 сомонӣ, се трибунаи дигар – 100 сомонӣ, VIP – 3000 сомонӣ, хабар медиҳад Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Ба гузориши ФФТ чиптаҳои ин бозӣ дар се категория пешкаш карда мешаванд.
Ҳамин тариқ, қимати чипта барои категорияи якум минбари асосӣ (бахшҳои 1.2.3.4) 300 сомониро ташкил медиҳад. Барои се минбари дигар (шимол, шарқ ва ҷануб) нархи ҳар чиптаи категорияи дуюм 100 сомонӣ муқаррар шуда, арзиши чиптаи VIP бошад, 3000 сомонӣ аст.
Гуфта мешавад, ки ҳаводорони футбол метавонанд чиптаҳоро дар хазинаи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ва ё мағозаи расмии бошгоҳи "Истиқлол" – "Joma" дастрас кунанд.
"Истиқлол" ва "Ал-Дуҳайл" зӯрозмоӣ мекунанд: Ятимов гуфт, осон нахоҳад буд
Худи бозӣ бо дастаи Арабистони Саудӣ 5 декабр баргузор мешавад. Аммо то ҳол маълум нест, ки Криштиану Роналду ба Душанбе меояд ё на.
Қаблан, коршиноси футбол Дамир Камолитдинов тахмин зада буд, ки барандаи "Тӯби тиллоӣ" ба далели сабзаи сунъӣ дар варзишгоҳи Душанбе ба Тоҷикистон имкон аст, ки наояд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи октябри соли 2023 шумораи рекордии мардум бозии бошгоҳҳои маъруфи футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро тамошо карда буд.
Он зиёда аз 200 миллион нафар тамошобинонро дар назди экранхои телевизиони худ чамъ овард.
Ин бозӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё рекорди тамошои бештарро гузошт. Вале бозӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи "Ал-Наср" анҷом ёфт.
Тибқи ҳисоби холҳо ҳоло дар гуруҳи “Е” тими “Ал-Наср”-и Саудӣ бо 12 имтиёз дар мақоми аввал, “Персеполис”-и Эрон бо 7 хол дар ҷойи дуввум ва “Истиқлол”-у “Ал-Дуҳайл” бо касби ду ва як имтиёзӣ дар зинаҳои сеюм ва чорум қарор доранд.