ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон кори реактори таҳқиқотии “Аргус”-ро барқарор хоҳад кард.
Ин дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии таҳқиқотии Русия дар Донишкадаи Курчатов амалӣ мешавад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки ин тасмим дар созишномае, ки миёни ниҳодҳо дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Маскав баста шуд, пешбинӣ гардидааст.
“Тибқи ҳуҷҷати баимзорасида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти технологияҳои табиӣ, физикаи ҳастаӣ ва технологияҳои ҳастаӣ тадқиқот гузаронанд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Таъкид шуд, ки таҳқиқот "танҳо бо ҳадафҳои осоишта" анҷом дода мешавад.
"Аз ҷумла реактори тадқиқотии Аргус, реактори тадқиқотӣ барқарор карда мешавад", - хабар медиҳад Академияи илмҳо.
Ғайр аз ин, дар созишнома гузарондани конференсияхои илмӣ ва дигар чорабинихо пешбинӣ карда шудааст.
Санад ба муҳлати то 5 сол бо имкони тамдиди минбаъда баста шуд, қайд кард Академияи илмҳо.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 21-22 ноябр бо як сафари расмӣ ба Маскав омад.
Дар рафти сафар 8 санад ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи илмҳои миллӣ, ки бо ҳамтои худ аз Донишкадаи Курчатов Михаил Ковальчук шартномаи шарикӣ ба имзо расонд.
Реактори ҳастаии Аргус дар Тоҷикистон дар солҳои 1980 сохта шуда буд, аммо ҳеҷ гоҳ ба кор андохта нашуда буд.
Соли 2016 ҳукумати кишвар барномаи барқарорсозии реакторро то соли 2020 тасдиқ кард.
Ин реактор, ба гуфтаи Академияи илмҳо, метавонад барои тавлиди доруҳо барои табобати саратон истифода шавад. Чунин реактори дуюми ба кор андохташуда дар институти Курчатов вокеъ аст.