Нишондиҳанда барои ҳисоби ҷаримаю кумакпулиҳо дар Тоҷикистон боло меравад

Ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки зимни ҳисоби ҷаримаю боҷу андоз дар Тоҷикистон кор бурда мешавад, аз аввали соли оянда афзоиш хоҳад ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Аз 1 январи соли 2024 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба андозаи 72 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Ин нукта дар қонуни тасдиқшуда дар бораи буҷаи давлат барои соли 2024 таъкид гардидаст.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ буда, аз оғози соли ҷадид 4 сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт. Ин ба он маъност, ки бархе пардохтҳо низ дар ҷумҳурӣ зиёд хоҳанд шуд.
Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағи пулие мебошад, ки ҳар сол дар қонуни буҷа барои соли оянда муқаррар мегардад.
Барои гузаронидани тӯй дар Тоҷикистон чӣ қадар маблағ сарф мешавад?
Он барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин кумакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ татбиқ мегардад.
Таъкид мешавад, ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо бо назардошти сатҳи беқурбшавӣ барои соли дахлдор муқаррар карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки то соли 2017 нишондиҳандаи мазкур 40 сомонӣ буд ва тайи солҳои 2017-2018 ба 50 сомонӣ баробар гардид.
Аз аввали январи соли 2019 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 55 сомонӣ ва аз оғози январи соли 2020 58 сомонӣ муқаррар шуда буд. Соли 2021 он муодили 60 сомонӣ ва соли 2022 ба 64 сомонӣ баробар буд.