ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Супурдани курсии намояндагиии Афғонистон дар Созмони Миллал яке аз хостаҳои ҷадиди толибон* аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ аст.
Бо ин ҳол ҷомеъаи ҷаҳонӣ ташкили ҳукумати фарогир ва эҳтиром ба ҳуқуқи занонро шарти нахусти шиносоии ин ҳукумат эълом кардааст.
Ба гузориши Тансим, пас аз арзёбии гузориши Фаридун Синирли Уғлӯ, ҳамоҳангкунанда вижаи Созмони Миллал барои Афғонистон, Шӯрои амнияти ин Cозмон таъкид кард, ки супурдани курсии намояндагии Афғонистон дар СММ ва соири таъомулоти ҷаҳонӣ бо толибон бидӯни ҳузури занони афғон дар давлати ин кишвар имконпазир нест .
Бар асоси баёнияи Шӯрои амнияти СММ ҳуқуқи асосии занону духтарон, аз ҷумла ҳаққи таҳсил ва кору намояндагӣ дар зиндагии умумӣ ва сиёсӣ илова бар ин, ки ҷузъе аз таъаҳҳудоти асосии як давлат аст, барои баландмуддат ва афзоиши сатҳи зарфияти давлатҳо ва ҳамчунон рушди иқтисодӣ низ зарурӣ мебошад.
Пеш аз ин низ Шӯрои амнияти Созмони Милал аз Антонио Гутерриш, дабири кулли ин Созмони хоста буд, то арзёбии мустақилро аз вазъияти Афғонистони кунунӣ ироа кунад.
Бо ин ҳол, Толибон дар вокуниш ба ин арзёбӣ эълом кардааст, ки ҳукумати Кобул муваззаф аст дар тамоми фаъолиятҳои арзишҳои динӣ ва манофеи миллии кишварро дар назар бигирад ва ба касе иҷозаи мудохила дар умури дохилии ин кишварро низ нахоҳад дод.
* - Созмон ё гурӯҳе, ки барои амалҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.