ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Бо вуҷуди он ки ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав дар остонаи нишасти сарони кишварҳои узви СПАД сурат гирифт, онро наметавон ба ин нишаст рабт дод.
Гуфт дар ин бора Сайфулло Сафаров, сиёсатшинос ва собиқ муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
"Ин як мулоқоти тарҳрезишуда буд, ки дар он Тоҷикистону Русия масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуда, ба муносибатҳо ҳамчун шарикони стратегӣ таҳким бахшиданд", - гуфт ӯ.
Коршинос қайд кард, ки дар ҷараёни музокирот Путин ва Раҳмон ба мавзӯи амният дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳ кардаанд.
Аз ҷумла, ба Афғонистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд, зеро аз қаламрави ин кишвар таҳдидҳои терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир вуҷуд дорад.
"Ин масъала барои тамоми кишварҳои ИДМ, бахусус барои ҷумҳуриҳои минтақа муҳим аст. Агар мушкилот дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ё Туркманистон ба миён ояд, ин ба тамоми Русия дахл хоҳад кард", - гуфт сиёсатшинос.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 21-22 ноябр бо як сафари расмӣ ба Маскав сафар кард. Дар ҷараёни сафар ӯ бо раҳбари Русия Владимир Путин мулоқот анҷом дод.
Сарони давлатҳо дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитариро баррасӣ намуда, ҳамчунин доир ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Илова бар ин, Путин ба Эмомалӣ Раҳмон орден "Барои хидмати шоиста дар назди Ватан" дараҷаи 3-ро "Барои саҳми бузурги шахсӣ дар таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ миёни ду кишвар, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ" супурд.