ДУШАНБЕ, 25 ноя — Sputnik. Теъдоди ҳамлу нақли бор ва мусофирон дар қаламрави кишварҳои ИИАО дар ҳоли афзоиш қарор дорад, хабар медиҳад телеграмм канали "Гуфтугӯ дар бораи ИИАО".
Аз моҳи январ то сентябри соли равон (нисбат ба ҳамин давраи соли 2022) гардиши умумии мусофиркашонӣ дар иттиҳодия 13,1% афзоиш ёфтааст. Инчунин афзоиши нишондиҳандаҳои миллӣ мушоҳида мешавад:
Киргизистон — 9,2%;
Арманистон — 1,8%;
Русия - 12,9%;
Қазоқистон — 12%;
Белоруссия — 9,4%.
Ҳамлу нақли бор низ дар Қирғизистон 8,7 фоиз ва дар Қазоқистон 3,1 фоиз афзуд.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – созмони байналхалқии ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ, ки дорои шахсияти ҳуқуқи байналмиллалӣ мебошад, аз ҷониби Созишномаи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё муқаррар шудааст.
Дар доираи ин иттиҳод озодии интиқоли мол, инчунин, хизматрасонӣ, сармоя, меҳнат, сиёсати ҳамоҳангшуда ва сиёсати ягонаи иқтисодӣ таъмин карда мешавад. Ин иттиҳод аз рӯи масоҳат (20 287 382 км кв) дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад ва аз рӯи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) (дар соли 2017 – 4695,915 млрд.доллар) ҷойи панҷумро ишғол менамояд.
Аъзои ин иттиҳод Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия мебошанд.