Раҳмон ба Озарбойҷон рафт

Пас аз ширкат дар нишасти сарони СПАД, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон сафари хориҷии худро идома дода, ба Озарбойҷон рафт, хабар медиҳад дафтари матбуоти ӯ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди Озарбойҷон шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар Боку нишасти сарони Барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ки дар он раҳбари ҷумҳурӣ ширкат мекунад.
Ҳамин тавр, Раҳмонро дар фурудгоҳ муовини аввали сарвазири Озарбойҷон Аюбов Ёқуб Абдуллоҳ оғлӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Дар нишасти СПАД дар Минск чиро баррасӣ карданд: натиҷаҳо
"Барои истиқболи меҳмони олӣ майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар зинат дода шуда, афсарони Горди фахрӣ саф оростаанд", - таъкид кард хадамоти матбуоти.
Пештар Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар Беларус баргузор шуд, ширкат дошт.
Ёдовар мешавем, ки сафари раҳбари ҷумҳурӣ аз дидори Маскав оғоз шуд, ки Раҳмон дар он ҷо на танҳо бо ҳамтои русаш Владимир Путин, балки бо сарвазири Федератсияи Русия музокироти дуҷониба анҷом дод.