Раҳмон бо Алиев мулоқот карду хостори амният дар Қафқози Ҷанубӣ шуд

Кишвардори Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳамтои озараш аз рушди равобити дуҷониба новобаста аз мушкилот дар сатҳи байналмилал ситоиш кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку бо раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуд.
Ин дидор дар ҳошияи Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти сарвари кишвар.
Раҳмон зимни дидор бо ҳамтои озарияш гуфтааст, ки ба муносибатҳои боэътимоди байни Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳамаи самтҳо баҳои баланд медиҳад..
"Таъкид карда шуд, ки соли равон, сарфи назар аз тамоюлоти буҳронӣ дар низоми равобити байналмилалӣ барои муносибатҳои дуҷонибаи мо хеле бобарор буд", - гуфтааст ӯ.
Дар идома раҳбари ҷумҳурӣ сафари ахири Алиев ба Душанберо пурбор хонда гуфтааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи чорабиниҳо оид ба татбиқи амалии тавофуқномаҳои бадастомадаро қабул намуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳалталаби минтақавию байналмилалӣ низ мавриди гуфтушунид қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон хоҳони ба минтақаи амну шукуфо табдил ёфтани Қафқози Ҷанубӣ мебошад.
Дидори Расулзода бо сарвазири Озарбойҷон дар Душанбе
Маврид ба зикр аст, ки дар Боку нишасти сарони Барномаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ки дар он раҳбари ҷумҳурӣ ширкат мекунад.
Пештар Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нишасти сарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки дар Беларус баргузор шуд, ширкат дошт.
Ёдовар мешавем, ки сафари раҳбари ҷумҳурӣ аз дидори Маскав оғоз шуд, ки Раҳмон дар он ҷо на танҳо бо ҳамтои русаш Владимир Путин, балки бо сарвазири Федератсияи Русия музокироти дуҷониба анҷом дод.