Ванҷи Тоҷикистонро заминҷунбии қавӣ такон дод

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ то ҳол дар бораи талафот ва хисороти моддӣ изҳори назар накардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон боз як заминларза ба қайд гирифта шуд.
Дар ин бора Маркази зилзиласанҷии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, маркази заминҷунбӣ ноҳияи Ванҷ буда, шиддати ларзиш ба 5 дараҷа расидааст.
Манбаъ меафзояд, офати табиӣ соати 15:01 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ дар умқи 10 км рух дод.
Тоҷикистонро ду заминларза такон дод: КҲФ гуфт, талафот надошт
Дар ҳамин ҳол Ҳоло маълумот дар мавриди хисороти ин ҳодиса рӯи даст нест.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ то ҳол дар бораи талафот ва хисороти моддӣ изҳори назар накардааст.
Аксаран чунин ҳолатҳои изтирорӣ дар Тоҷикистон дар Бадахшони Кӯҳӣ рух медиҳанд - ҳамагӣ дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ин минтақа беш аз 20 ҳодисаи табиӣ сабт шудааст.
Дар натиҷа дар вилоят 18 нафар кушта ва ба маблағи беш аз 19 миллион сомонӣ хисорот ворид шудааст.