Лукашенко гуфт, СПАД як ҷузъи ҷудонашавандаи амният боқӣ мемонад

Раисҷумҳури Беларус ба ин назар аст, ки барои таҳкими амнияти кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти Дастаҷамъӣ роҳҳои нав ёфтан лозим аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. СПАД як ҷузъи ҷудонашавандаи таъмини амнияти аъзои он ва дар маҷмӯъ дар Авруосиё боқӣ мемонад.
Дар ин бора раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко дар оғози ҷаласаи солонаи сарони кишварҳои узви созмон дар Минск изҳор дошт.
"Ин сол аз нигоҳи рушди вазъи геополитикӣ як соли босуръат буд... Созмони мо як ҷузъи ҷудонашавандаи таъмини амнияти аъзои худ ва дар маҷмӯъ минтақаи Авруосиё боқӣ мемонад", - гуфт ӯ.
Раисиҷумҳури Беларус қайд кард, ки ба рӯзномаи иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СПАД, ки дар Минск ҷараён дорад, мушкилоти кунунии амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро дар бар мегирад.
“Тамоюлҳои асосии рушди вазъи низомиву сиёсии муосир дар минтақаи масъулияти созмон, чи дар маҷмӯъ дар ҷаҳон ва чӣ дар минтақаро таҳлил кардан зарур аст. Барои таҳкими амнияти давлатҳоямон роҳҳои нави ҳалли худро ёфтан лозим аст",- давом дод ӯ.
Намояндагони кишварҳои СПАД дар ҷаласаи муштарак дар бораи чӣ тавофуқ карданд?
Лукашенко афзуд, ки имрӯз ҳамчунин ҷамъбасти натоиҷи фаъолияти СПАД барои соли 2023 дар назар аст.
Минск соли 2023 раёсати СПАДро ба ӯҳда дошт. Ба ин созмон шаш давлат – Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд.
Ахиран сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар як сӯҳбати телефонӣ ба Лукашенко хабар дод, ки ӯ наметавонад дар нишасти сарони СПАД дар Минск ширкат кунад.