ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар НБО “Роғун” наздик ба 5 млрд сомонӣ масраф намояд.
Ин маблағ дар буҷети ҷумҳурӣ барои соли 2024 пешбинӣ шудааст, хабар медиҳад Вазорати молияи кишвар.
Ҳамин тариқ, аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ 2,8 миллиард сомонӣ, аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ бошад, дар доираи 2,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар 9 моҳи соли равон барои сохтмони Неругоҳи барқӣ- обии "Роғун" 3,7 миллиард сомонӣ ва то 1 ноябри соли ҷорӣ барои иншооти мазкур аллакай 4,3 миллиард сомонӣ масраф шудааст.
Имрӯзҳо ду агрегати неругоҳи "Роғун" фаъолият дошта, барои иқтисодиёти миллию аҳолии ҷумҳурӣ неруи барқ истеҳсол карда истодааст.
Ҳарчанд обанбори Неругоҳи барқӣ-обии "Роғун" ҳанӯз то ба охир бунёд наёфтааст ва фишори об ҳанӯз паст аст, дар неругоҳ то ин дам аллакай қариб 7 миллиард киловатт/соат барқ истеҳсол шудааст.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун аллакай ба системаи ягонаи энергетикии кишвар пайваст карда шудааст.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки тарҳи техникии он дар замони шӯравӣ таҳия шуда буд, соли 2016 оғоз ёфт.
Моҳи ноябри соли 2018 агрегати якуми иншоот ба истифода дода шуд, агрегати дуюм моҳи сентябри соли 2019 ба кор даромад. Дар маҷмӯъ насби 6 чарха ба нақша гирифта шудааст, ки иқтидори лоиҳавии ҳар кадоми онҳо 600 МВт мебошад.