ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Раиси Ҳукумати Русия Михаил Мишустин вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат, энергетика ва кишоварзӣ баррасӣ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқоте, ки дар доираи сафари расмӣ президент ба Русия сурат гирифт таъкид шудааст, ки Русия дар сохтори гардиши савдои хориҷии давлати мо мавқеи пешсафро ишғол менамояд.
Дар ин дидор тарафҳо қайд карданд, ки дар самти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ захираву имкониятҳои истифоданашуда бисёр аст, аз ин рӯ барои пурра баҳрабардорӣ намудан аз он тадбирҳои мушаххас андешида шавад.
Дар рафти мулоқот қайд карда шудааст, ки татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои саноати куҳӣ, металлургӣ, мудофиавӣ, коркади нафту кимиё, саноати хӯрокворию сабук, нассоҷӣ, фарматсевтӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.
“Ҷалби сармояи Русия барои таъсиси паркҳои саноатӣ, нассоҷӣ, хӯрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ зарур шумурда шуд”,- қайд намудааст манбаъ.
Ҳамзамон тарафҳо аз сатҳи ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ ибрози қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон бо ин ба густариши минбаъдаи робитаҳои амалӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҳавасмандии худро изҳор доштанд.
Инчунин дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.