Азсаргирии ҳаракати автобусҳои мусофиркаш дар Хуҷанд

Ҳаракати автобусҳои мусофиркаш дар роҳу кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд, ки як моҳ боз мутаваққиф шуда буд, аз сар гирифта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд, ҳаракати автобусҳо, ки ба муҳлати номуаян мутаваққиф шуда буд, ахиран дубора азсар гирифта шуд.
Иҷрокунандаи директори генералии КВД “Нақлиёти мусофиркашон” -и шаҳри Хуҷанд Эшонов Хуршедхон ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки ҳаракати автобусҳо дар хатсайрҳои шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шудааст.
Ба гуфтаи вай, ҳоло дар хатсайрҳо ҳудуди 20 автобус ҳаракат мекунад. Ва дар ояндаи наздик, шумори автобусҳои мусофиркаш дар хатсайрҳо аз 40—то 65 адад зиёд карда мешавад.
“Дар оянда ҳаракати автобусҳо мунтазам хоҳад шуд”, - гуфт оқои Эшонов.
Вай илова кард, ки КВД “Нақлиёти мусофиркашон” -и шаҳри Хуҷанд тамоми шартномаҳоро аз нав тартиб додааст.
Дарди кӯҳна: Боз дар Хуҷанд қимати сӯзишворӣ автобусҳоро аз ҳаракат боздошт
“Ҳамчунин шартномаҳо бо ронандаҳо низ таҷдид мешаванд. Корхонаи мо дотатсионӣ аст ва агар субсидия барои мо ҷудо шавад, имкон дорем то шумори автобусҳоро дар хатсайрҳои ҳаракат аз 30 то 35 адад зиёд намоем”,- гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин таъкид кард, ки автобусҳои мусофиркаш дар хатсайрҳо бо тарофаи пештара ҳаракат доранд.
Ёдовар мешавем, авохири моҳи гузашта дар шаҳри Хуҷанд, ҳаракати автобусҳо ба муҳлати номуаян мутаваққиф шуда буд.
Абдуҷалил Бобоҷонов, роҳбари татбиқи лоиҳаи "Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ"-и КВД “Нақлиёти мусофиркашон” -и шаҳри Хуҷанд сабаби мутаваққиф шудани автобусҳо дар хатсайрҳоро ба болорафтани нархи сӯзишворӣ рабт дода буд.
“Нархи сӯзишвории дизелӣ ғайриинтизор баланд шуд ва ин ҳолат ба ҳаракати автобусҳо таъсири худро расонд”, – гуфта буд ӯ.
Бобоҷонов гуфт, қатъи ҳаракати автобусҳо муваққатӣ буда онҳо талош доранд, ин мушкил аз сар гирифта шавад, аммо дақиқ нест, ки то кай давом мекунад.