ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Муносибатҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон бо суръат инкишоф ёфта, дар сатҳи хеле баланд қарор доранд.
Дар ин бора президенти Русия Владимир Путин дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт.
Вай таъкид кард, имсол аз имзои санади асосии дуҷониба дар бора шартномаи дӯстӣ, кӯмаки мутақобила, шарикии стратегӣ 30 сол пур мешавад, ки моҳи ноябри соли 1993 ин шартнома комилан эътибор пайдо карда буд.
"Муносибатҳои мо бо суръат рушд мекунанд ва дар сатҳи хеле баланд қарор доранд, ҳаминро гуфтан кофист, ки Русия шарики асосии тиҷоратию иқтисодӣ аст – аз рӯи ҳаҷми муомилоти мол мо дар ҷои аввал қарор дорем, 22,9% муомилоти моли Тоҷикистон ба Русия рост меояд", - гуфт Путин.
Ба таъкиди вай, комиссияи байниҳукуматӣ хуб кор мекунад, ки ҷаласаи навбатии он моҳи оянда дар Маскав дар назар аст.
Путин афзуд, интиқоли маҳсулот аз Тоҷикистон ба Русия ба таври қобили мулоҳиза афзоиш меёбад.
"Пеш аз ҳама, афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ 67 фоизро ташкил дод", - гуфт ӯ.
Кишвардори Тоҷикистон дар навбати худ гуфт, ки равобити тиҷоратию иқтисодии Маскав ва Душанбе дар авҷ аст.