ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik.Воҳидҳои гурӯҳи "Шарқ"-и Русия ҳамлаи ҷавобии сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар минтақаи Приютное дар самти Южнодонетск ҷилавгирӣ карданд.
Дар ин бора раҳбари маркази матбуъотии ин гурӯҳ Олег Чехов ба РИА "Новости" хабар медиҳад.
"Дар самти Южнодонетск воҳидҳои гурӯҳи нерӯҳои "Шарқ" бо дастгирии артиллерия аз кӯшиши ҳамлаи ҷавобии душман дар минтақаи шимолу ғарби Приютное пешгирӣ карданд", - гуфт мавсуф.
Вай афзуд, ки аскарони пиёдагарди украинӣ нобуд карда шуданд. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, аз талошҳои ҷойивазкунии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар минтақаи Урожайний бомуваффақият ҷилавгирӣ шуд.
Дар натиҷаи амалиёти қувваҳои мусаллаҳи Русия техника ва хизматчиёни ҳарбии душман нобуд карда шуд.
Дар ҷараёни задухӯрди зидди батарея, низомиёни украинӣ дар ҳудуди ду ҳайати миномётӣ талафот доданд.
Қаблан Вазорати дифои Русия хабар дода буд, ки дар тӯли 24 соат нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти Южнодонетск то 70 нафар низомиён, як мошини ҷангӣ ва ду худрави дигарро аз даст додаанд.