Рӯсарӣ, кулоҳу нимтана ва ҷомаҳои зардӯзишуда гӯшвору гарданбандҳои марҷон, ки ҳамагӣ бо зарби даст дар муҳити хона офарида шуданд, пешниҳоди тамошобинон гардиданд.
Дар чорабинӣ, ҳунарманди 55-солаи хуҷандӣ, Наима Бобоева, маҳсули дасташро пешниҳод кардааст.
Ӯ гуфт, тайи бештар аз сӣ сол барои наварӯсону занони тоҷик ҷомаҳои гулдӯзишуда сохтааст ва акнун ҳам маҳсулоти ӯ пурхаридоранд.
“Дар гузашта модарон ба мо мегуфтанд, ки ҳунармандӣ - соҳибэҳтиромӣ аст. Ин суханҳо моро ба ҳунармандӣ водор мекард” – гуфт ӯ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
Ҳунарманди 58-солаи суғдӣ, Муҳтарам Ҳомидова, мегуяд, гулдӯзӣ рӯи рӯсарӣ ва кулоҳро дар синни ҳаштсолагӣ аз модараш омӯхта буд ва акнун ӯ ҳамроҳ бо духтарону арӯсҳояш порчаҳои содаро табдил ба осори ҳунарӣ мекунад.
“Ҳунармандон зебоӣ меофаранд. Одам аз он баҳра мегирад ва дилаш кушод мешавад” – зикр кард, ӯ.
Намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарӣ дар осорхонаи шаҳри Хуҷанд даҳҳо нафарро аз гушаву канори Суғд гирди ҳам овард. Мубтакирони ин чорабинӣ мегуянд, ҳадаф аз ин кор зоҳир гардидани таваҷҷӯҳи бештар ба ҳунармандӣ мебошад.