ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Федератсияи Русия рафт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ӯро Қоҳир Расулзода, Рустами Эмомалӣ, Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Раҳмонро муовини сарвазир, Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа, корҳои дохилӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, кишоварзӣ, фарҳанг, молия ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар ин ҳайат ҳамзамон раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, сардорони хадамотҳои гумрук ва иҷро, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ шомиланд.
Ба гуфтаи Хадамоти матбуот, дар ҷараёни ин сафар кишвардори Тоҷикистон бо президенти Русия Владимир Путин дар шакли як ба як ва дар доираи васеи ҳайатҳо мулоқот хоҳад кард.
Қайд карда шудааст, ки дар пайи музокирот як бастаи санадҳо ба имзо хоҳад расид.
Ёдовар мешавем, ки бори охир раисиҷумҳури Тоҷикистон барои таҷлил аз Рӯзи Ғалаба 9 майи соли 2023 ба Русия омада, дар чорабиниҳои тантанавӣ ширкат карда буд.
Моҳи октябри соли 2023 Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ дар Бишкек бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карда буд. Роҳбарон рушди муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои амнияти минтақавиро, ки ба авзоъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон марбутанд, баррасӣ карданд.