Тоҷикистон воридоти худравҳои барқиро афзоиш дод

Тибқи барнома мақомот азм доранд, дар солҳои наздик ҳиссаи мошинҳои барқиро дар ҷумҳурӣ то 20-30%-и теъдоди умумии нақлиёт расонанд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон воридоти худравҳои барқӣ афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора аз Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба кишвар 1348 чунин мошинҳо ворид шудааст.
"Аз мошинҳои барқии воридшуда, 1333 ададаш худравҳои майда, 4 автобус ва микроавтобус, 9 боркаши барқӣ ва ду борбардори барқӣ мебошад", - афзуд манбаъ.
Ба таъкиди манбаъ, ин дар ҳолест, ки дар тамоми соли 2022 воридоти ин навъ мошинҳо ба 767 адад расида буд.
Ҳамзамон таъкид шуда, ки мақомот азм доранд, дар солҳои наздик ҳиссаи мошинҳои барқиро дар ҷумҳурӣ то 20-30%-и теъдоди умумии нақлиёт расонанд.
Гуфта мешавад, ин иқдом дар доираи лоиҳаи Барномаи рушди нақлиёти барқӣ барои солҳои 2023-2027 дар назар дошта шудаанд.
Тоҷикистон воридоти нақлиёти барқиро аз боҷи гумрукӣ озод кард
Дар доираи барномаи рушди худравҳои барқӣ, воридоти бештар, фароҳам овардани рушди инфрасохтор, бахши васлсозии ин қабил мошинҳо ва таҳкими он ҳамчун як бахши нав дар иқтисоди кишвар дар назар аст.
Тоҷикистон ҳамзамон барои рафъи ҳавои олуда, барои воридкунандагони худравҳои барқӣ сабукиҳо, аз ҷумла озодӣ аз пардохти боҷи гумрукиро пешкаш кардаст.
Қаблан вазири нақлиёти Тоҷикистон, Азим Иброҳим низ гуфт, ки ҳар сол ба кишвар аз хориҷа бо маблағи садҳо млн доллар маводи сӯзишворӣ ворид мегардад. Дар ҳоле ки ба гуфти ӯ зарфиятҳои истеҳсоли барқ ва истифода аз мошинҳои барқӣ дар кишвар хеле зиëд аст.