ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Мунтахаби Тоҷикистон субҳи имрӯз 20 ноябр барои рақобат бо яккачини Покистон вориди Исломобод шуд
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад.
Бозии дастаҳо дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи "G" доир мешавад.
Сармураббии тими миллии Тоҷикистон Петр Сегрт ба Исломобод 24 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро бурдааст.
Бояд гуфт, ки бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои Покистон – Тоҷикистон 21 ноябр дар варзишгоҳи "Ҷинна"-и шаҳри Исломобод баргузор шуда, соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мегардад.
Вохӯрии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 миёни дастаҳои мунтахаби Покистону Тоҷикистонро ҳайати доварон аз Ҷопон доварӣ мекунад.
Ҳамин тариқ довари марказӣ Юсуке Араки таъйин шудва, Ҷун Михара ва Кота Ватанабе ба ҳайси ёвар фаъолият менамоянд.
Довари эҳтиётӣ Дуй Лан Нго аз Ветнам таъйин гардид. Кадҳум Ауда Лазим Ал-Саидӣ аз Ироқ нозири доварон ва Алим Орифов аз Ӯзбекистон комиссари бозӣ хоҳанд буд.
Тоҷикистон дар бозии гузаштааш, ки бо Урдун дар Душанбе доир кард, бо ҳисоби мусовӣ (1:1) поин ёфт, ки он ба бурди меҳмонон гардид, зеро холҳои бештар ба даст овард.
Ба гуфтаи коршиносони варзишӣ яккачини кишварро барои аз гуруҳаш баромадан бояд сахт талош кунад ва Урдунро дар меҳмонӣ бибарад.
Ҳарифи дигари кишвар дар ин гуруҳ Арабистони Саудӣ аст, ки ҳоло дар садри ҷадвал қарор дорад.