Вазирони фарҳанги Тоҷикистону Русия барномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Санади нави ҳамкориро аз ҷониби Тоҷикистону Русия вазирони фарҳанги ду кишвар Зулфия Давлатзода ва Олга Любимова ба имзо расониданд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Анҷумани байналмилалии ҳунарҳои муттаҳид дар Санкт-Петербург имкон дод, ки ҳамкориҳои судманди вазорати фарҳанги Тоҷикистону Русия идома ёбанд.
Дар ин бора котиби матбуотии Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Мастура Ғуломова хабар дод.
Гап сари барномаи наве меравад, ки дар ҳошияи форум ба имзо расид. Ин санад ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи фарҳанг тақвият мебахшад.
Санади мазкурро вазирони фарҳанги ду кишвар Зулфия Давлатзода ва Олга Любимова ба имзо расониданд.
Тоҷикистону Русия дар соҳаи сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамкорӣ мекунанд
Бояд гуфт, ки форуми фарҳангӣ, аз ҷумла барои Тоҷикистон хеле пурсамар буд.
Барои мисол, дар бахши тематикии "Мусиқӣ" Точикистонро мудири Донишгоҳи Точикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки дар бораи тамоили инкишофи санъати академии мусикӣ дар ҷумҳурӣ сухан ронд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз сатҳи баланди таҳсил дар Русия қайд карда буд ва қайд кард, ки Душанбе омода аст ҳамкориҳоро бо Маскав дар ин самт афзоиш диҳад.