ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, то 1 октябри соли равон дар филиалу шуъбаҳои Бонки амонатгузории "Амонатбонк" зиёда аз 1060 ПОС – терминалҳои электронӣ насб гардидааст.
Ба иттилои ҳамин ниҳоди давлатӣ аз 1 март то 1 октябри соли равон тавассути ПОС – терминалҳо ва ҳамёнҳои электронӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар маҷмуъ 1273,6 ҳазор амалиёт ба маблағи зиёда аз 449 миллион сомонӣ гузаронида шудааст.
“Аз ҷумла, аз 1 август то 1 октябр 844,3 ҳазор амалиёти пардохти ғайринақдии андозҳо ва боҷҳо ба маблағи 319 миллион сомонӣ гузаронида шудааст”, - таъкид кардааст Кумитаи андоз.
Қайд карда шудааст, ки кумитаи андоз то имрӯз бо 19 ташкилоти қарзии молиявӣ созишнома "Оиди ба таври ғайринақдӣ қабул намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ" ба имзо расонидааст.
Таъкид шудааст, ки тавассути замимаҳои мобилии ташкилоти қарзии молиявӣ ба таври ғайринақдӣ қабул намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет амалӣ мешавад.